бадалисозӣ — [بدلي سازي] сохтани ҷавоҳироту зеварҳои сохтаву сунъӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дурҷ — [درج] а. кит. сандуқча барои нигоҳ доштани ҷавоҳирот ва зару зевар, ҳуққа; дурҷи ақиқ (ё гавҳар) даҳони маъшуқа … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
зайн — [زين] а. кит 1. зинат, зевар, ороиш 2. маҷ. хубӣ, некӯӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
зинат — [زينت] а. чизҳои ороишӣ, он чи бо он ҷое ё касеро ороиш медиҳанд, зевар, пероя; зебу зинат ниг. зеб (зебу зинат); зинат додан ороиш додан, оростан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
лом — I [لام] 1. номи ҳарфи бисту ҳафтуми алифбои арабиасоси тоҷикӣ ل. 2 . киноя аз зулфи каҷи духтарон ◊ лом (лому мим) нагуфтан дам назадан, хомӯш будан II [لام] кҳн. либоси кӯҳнаву дарида, жандаи қаландарону дарвешон III [لام] кит 1. худситоӣ; лофу… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
мӯқалам — [موقلم] абзори дасти рангмолону рассомон барои ба рӯи зевар, коғаз ва ғ. давондани ранг, ширеш…, мӯйқалам … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
нигорида — [نگاريده] 1. навишташуда 2. ороста, зеварёфта 3. офарида, махлуқ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
осо — I [آسا] 1. асоси замони ҳозира аз осудан 2. ҷузъи пасини калимаҳо мураккаб ба маънои мисл, монанд, шабеҳ: барқосо, шеросо, шамъосо… II [آسا] 1. зебу зинат, зевар, ороиш; осо кардан оростан, зинат додан 2. хамёза, даҳондара … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
перояпӯш — [پيرايه پوش] зеварбаста, ороишдода, бо зару зевар зинатдода … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пургавҳар — [پرگوهر] 1. пур аз ҷавоҳирот, бо зару зевар 2. маҷ. асилзода, наҷиб … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ